أحمد محمد لبن Ahmad.M.Lbn مؤسس ومدير المنتدى
عدد المساهمات : 52644 العمر : 72
| موضوع: Рузаи шаш рузи моҳи шаввол ва фоидаҳои он الثلاثاء 18 مايو 2021, 11:23 pm | |
| Рузаи шаш рузи моҳи шаввол ва фоидаҳои он ﴿ فوائد صيام الست من شوال ﴾ ] طاجيكية – Tajiki – Тоҷики 0]Таҳиякунанда: Мисбоҳуддини Ҳомид 2009 - 1430 ﴿ فوائد صيام الست من شوال ﴾ « باللغة الطاجيكية » إعداد: مصباح الدين حميد 2009 - 1430 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон Ҳамду ситоиш Худоеро ки Парвардигори тамоми оламиён аст, ва дуруду саломи бе ниҳоят бар беҳтарини анбиё ва паёмбарон, Паёмбарамон Муҳаммад (с) ва бар хонадону ёрону асҳобаш.
Аммо баъд: Бародари мусалмонам: шаке нест, ки мусалмон бояд ҳамеша машғули тоату ибодат бошад, то ки нафсашро аз палидиҳо пок созад.
Ба хотири ҳамин тоатҳову ибодатҳо мавҷуданд, ва ҳар инсон агар ҳарчи зиёд тоату ибодатҳоро ба ҷо биёрад ҳамон қадар нафсаш пок мегардаду бо Худо наздик мешавад, ва ҳар қадаре ки аз тоату ибодат дур бошад, ҳамон қадар нафсаш аз поки дур мешаваду ба фасоду палиди наздик хоҳад шуд.
Ба хотири ҳамин дилҳои аҳли тоату ибодат мулоиму бо раҳманду, дилҳои муҷримону осиён, фосиду сангинанд.
Ва рузаи моҳи шарифи Рамазон яке аз он тоату ибодатҳоест ки нафси инсонро пок месозаду тоҳир мегардонад, руза доштани шаш рузи моҳи Шаввол низ фурсатест аз фурсатҳои поксозии нафс, чунки вақто ки мусалмон аз рузадории моҳи Рамазон фориғ мешавад дар ру ба руяш боз ибодатеро мебинад, ки агар уро ба ҷо биёрад, бозҳам нафсаш поктару тоҳир тар мегардардад.
Паёмбар (с) уматонашро аз фазли рузадории шаш рузи моҳи Шаввол хабардор карда онҳоро шавқманд месозад ки уро ба ҷо биёранд.
Паёмбар (с) мефармояд: <من صام رمضان ثم أتبعه ستا من الشوال كان كصيام الدهر> رواه مسلم و غيره "Ҳарки моҳи Рамазонро руза бидораду баъд аз у шаш рузи моҳи шаволро ҳамонанди инаст ки гуё тамоми солро руза доштааст".
Имом Навави мегуяд: барои он, савоби як сола руза дориро мегирад, ки ҳар як ҳасана (кори савоб) дар назди Худо даҳ баробар аст, ин чунин моҳи Рамазон даҳ моҳ ҳисоб мешавад ва шаш рузи рузаи шаввол ду моҳ, ва инҳоро ҷамъ кунем мешаванд дувоздаҳ моҳ, яъне як сол.
Бародари мусалмони ман! Руза доштани шаш рузи ин моҳ (Шавол) далолат бар ин мекунад ки мусалмон бо ин кораш Парвардигорашро шукргузори мекунад, ки уро муваффақ гардонд, ки рузаи моҳи рамазонро ба ҷо овард.
Ин чунин руза доштани шаш рузи моҳи Шавол далолат бар ин мекунад ки инсони рузадор ба ҷо овардани тоату ибодатҳоро дуст медораду мехоҳад, ки ҳамеша дар роҳи ба ҷо овардани корҳои хаир аст.
Бародари мусалмонам! Дар давом додани рузадори баъди Рамазон фоидаҳои зиёдест ки баракаташро рузадори шаш рузи моҳи Шавол пайдо хоҳад кард.
Баъзе фойдаҳоеро ки олими бузург Ҳофиз ибни Ҳаҷар (р) аз ин ибодат барои мо ҷудо кардааст барои шумо пешкаш мекунам. Фоидаи аввал ин аст ки шахси руза дори ин шаш руз, бо ин кораш савоби рузаи як солро мегирад.
Фоидай дувум ин аст ки руза доштани шаш рузи моҳи Шаввол мисли суннатҳои ротиба аст, ҳар ноқисиву камбудие ки дар намози фарзи руи медиҳад бо ба ҷо овардани суннатҳои ротиба онҳо пушида мешаванд ва ё ин ки пурра карда мешаванд, ин чунин ҳар ноқисиву камбудие ки дар рузадоштани моҳи Рамазон руи медиҳад руза доштани шаш рузи моҳи Шаввол онҳоро мепушонад.
Фойдаи сеюм ин аст ки руза доштани шаш рузи Шаввол нишонаи қабули рузаи моҳи Рамазон аст, чунки Худованд вақто ки ибодати бандаашро қабул кунад уро муваффақ мегардонад, ки ибодати дигареро анҷом бидиҳад, ин чунин бар акс агар Худованд ибодати бандаашро қабул накунад, банда баъди ибодаташ нофармониеро анҷом медиҳад, ва ин нишонаи инаст ки ибодати у қабул нашудаашст.
Ин чунин руза доштани моҳи рамазон воҷиб мегардонад ки гуноҳони гузаштаи рузадор бахшида шаванд ва рузадорон аҷру савобҳояшонро рузи идди Фитр ҷамовари мекунанд, ва руза доштани шаш рузи моҳи Шаввол мисли инаст ки рузадор ба хотири ҷамоварии аҷру савобҳояш шукри онҳоро бо рузадории шаш рузи моҳи Шаввол ба ҷо овардааст.
Ба дурусти ки Худованд бандаҳояшро амр кардааст ки шукри неъмати руза дории моҳи Рамазонро бо зикр карданаш ба ҷо биёранд, чуноне ки у мефармояд: <ولتكملوا العدة ولتكبر الله على ما هداكم ولعلكم تشكرون> (البقرة 185) Тамом кунед ( яъне: ба пурраги қазо доред он руҳоеро ки дар вақти бемори ё сафар хурдаед)ва ба бузурги ёд кунед Худоро ва шукр кунед ки ҳидоят кард шуморо то шояд ки шукр гузор шавед.
Баъзе аз гузаштагони солиҳин вақто ки шабро то руз дар зикри Худо зинда мекарданд рузи он шабро ба хотири он ки Худованд онҳоро мувафақ гардонд ки шабзиндадори карданд ба хотири шукрона руза медоштанд.
Худованд рузаи моҳи шарифи рамазони моро бо тамоми нуқсониву камбудиҳояш қабул кунаду моро муваффақ гардонад ки шаш рузи моҳи Шавволро низ руза бидорем, Омин.
Огоҳи Дар охир ногуфта намонад ки моҳи Шаввол мувофиқ аст ба 10-уми Сентиябр то 8-уми Октиябр. Пас ҳар ки бихоҳад ки тамоми солро руза дошта бошад аз 10-уми сентиябр то 8-уми Октиябр шаш руз руза бигирад иншоолоҳ ҳамонанди инаст ки бо рузаи Рамазонаш гуё тамоми солро руза дошта аст.
|
|