Вақти гирифтани рӯзаи шаш рӯзи шавол
[Тоҷикӣ – Tajiki طاجيكية –]
Таҳия ва тарҷума:
Дорул Ислом\Тоҷикӣ
Фатвоҳои лаҷнаи доими 10/391 рақами фатво 3475.
2014 - 1435
وقت صوم ست شوال
«باللغة الطاجيكية»
إعداد و ترجمة: دار الإسلام/ طاجيكي
فتاوى اللجنة الدائمة 10/391, رقم الفتوى 3475
2014 - 1435
Вақти гирифтани рӯзаи шаш рӯзи шавол
Суол:
Оё шаш рӯзи шаволро баъд аз рамазон ва баъди ид мубошаратан рӯза гирифтан лозим аст? Ё инки чанд рӯзи пайдарпай  баъд аз ид гирифтанаш ҷоиз аст?

Ҷавоб:
Лозим нест, ки баъди ид мубошаратан он шаш рӯзро рӯза гирад, Балки ҷоиз аст, ки  як рӯз баъди ид ё чанд рӯз баъди ид онро рӯза гирад. Ва мешавад, ки он шаш рӯзро пай дар пай ё ҷудо ҷудо дар моҳи шавол читавре ки барояш муяссар гардад, рӯза гирад. Дар ин кор осони вуҷуд дорад ва ин рӯза фарз нест, балки суннат аст.

Фатвоҳои лаҷнаи доими 10/391 рақами фатво 3475.